ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раҳимзода иттилоъ дод, ки шахсан аллакай ду вояи ваксинаи “Спутник V” – ро гирифтааст ва аз мардуми Тоҷикистон хост, дар эмгузаронӣ фаъол бошанд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо зикри он, ки дар ҷумҳурӣ мулоқоти сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар назар аст, таъкид намуд, ки яке аз шартҳои иштироки бархе аз роҳбарони давлатҳо сатҳи пасти беморӣ мебошад.
Ӯ афзуд, ки бидуни ваксинагирӣ бартараф кардани бемории коронавирус мушкил буда, таҷрибаи давлатҳои дигарро мисол овард, ки тариқи эмгузаронӣ сатҳи бемориро поин оварданд.
Вазири умури дохилӣ аз чорабиниҳои Тоҷикистон алайҳи коронавирус таъриф кард, ки як муддат дар пайи маҳдудиятҳои ҷорикарда ин беморӣ пурра аз байн рафт. Ӯ илова намуд, ки дар пайи дархостҳои зиёд масҷидҳо кушода шуданду рафтуомади муҳоҷирон бештар гардид, ки бо боиси хуруҷи дигарбораи беморӣ дар кишвар шудааст.
Ӯ афзуд, дастур додааст, ки то 10 август тамоми кормандони мақомоти умури дохилӣ пурра ваксина гиранд, чун пайваста дар муошират бо мардум мебошанд. Ӯ аз рӯзноманигорон хост, муҳимияти ваксинагириро ба мардум расонанд, чун ин масъала яке аз муҳимтаринҳо дар ҷаҳону Тоҷикистон мебошад.