ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд зимни нишасти матбуотӣ аз вазъияти коронавирус дар ин вилоят маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров ҳамчун минтақаҳои осебпазир аз коронавирус боқӣ монда, ҳамарӯза мавридҳои гирифторшавӣ ба беморӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта мешавад.
"Дарёфти беморӣ дар як шабонарӯз то 46 нафар ва шумори шифоёфтагон 70 нафарӣ ҳисоб карда мешавад", - гуфт Мақсудзода.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло 361 сокини Суғд дар шароити амбулаторӣ аз бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш табобат мегиранд.
Илова бар ин, 268 мариз дар Бемористони клиникавии Суғд, Шифохонаи бемориҳои сироятии вилоятӣ ва Бемористони клиникавии № 3 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ мебошанд.
Мақсудзода ҳамзамон илова намуд, ки ҳоло 134 нафар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, тибқи таҳлили онҳо назар ба як ҳафтаи қаблӣ, шумори сироятёбӣ ба коронавирус дар шаҳру навоҳӣ камтар шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, аз 21 июни соли ҷорӣ то ҳол дар вилояти Суғд 684 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт шуд, ки аз ин миён 14 бемор ҷон аз даст доданд.