ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ахиран дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ҳузури Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори Ситоди шаҳрӣ ҳамчунин намояндагони Раёсати тандурустии вилоят, роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳал иштирок намуданд.
Гуфта шудааст, ки дар Ситод гузориши масъулони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент шунида шуд.
“Ситод ба масъулин барои андешидани чораҳои фаврӣ барои сари вақт фаро гирифтани беморон ба табобат, гузаронидани ваксиназании сокинон, фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳарчи бештар захира нудани маводи доруворӣ ва безараргардонӣ дастурҳо дод”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки Ситоди шаҳри барои сафарбар намудани гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони шаҳру деҳот вобаста ба танзим намудани тӯю маъракаҳо ва дигар маросимҳо ба масъулон супориш дод.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки барои сари вақт гузаронидани ваксиназании сокинон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули соҳаи тандурустии вилоят ва шаҳр сафарбар гардиданд.