Гордон дар бораи ҷудошавӣ аз Нозанин: "шукри Худо, фарзандҳо ҳастанд" - видео

Ровии барномаҳои телевизионӣ Александр Гордон ҷудошавиаш бо ҳунарпеша ва коргардони тоҷиктабор Нозанин Абдулвосиеваро, ки 30 сол аз худаш хурд буд, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Александр Гордон гуфт, ҷудошавии ӯ бо коргардони тоҷик Нозанин Абдулвосиева оромона ҷараён гирифт.
Дар ин бора ровии машҳури телевизион дар барномаи "Вдудь" нақл кард.
Гордон сабаби ҷудошавӣ аз ҳамсари чорумаш - ҳунарпеша ва коргардони тоҷиктабор Нозанин Абдулвосиеваро хотима ёфтани "чизе" унвон кард.

"Сабаби ҷудошавӣ чӣ мешавад, чизе тамом мешавад", - гуфт Гордон.

Ба гуфти ровӣ ҷудошавии оилаи онҳо оромона ҷараён гирифт. Ба суоле, ки чаро Гордон пас аз хонадоршавии 4-ум ҳам танҳо монд, Гордон чунин посух дод: "Шукри Худо, ки фарзандҳо ҳастанд".
Ёдрас мешавем, ки расо як сол пеш 4 август маълум шуд, ки Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 27 - сола ҷудо шудааст.
Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 - сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 - сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.
Ҷудошавӣ дар рӯзи мавлуд: ҳимоятгар ҷудошавии Гордон ва Абдулвосиеваро шарҳ дод
Пеш аз ин Гордон бо се зани дигар хонадор буду ҳамакнун аз се издивоҷаш бо ҳисоби оиладорӣ бо Нозанин, соҳиби 4 фарзанд аст.
Он замон гуфта мешуд, ки дархости ҷудо шудан аз сӯи Нозанин сурат гирифта, додгоҳ 17 - уми июли соли 2020 издивоҷи онҳоро бекор кард.
Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳамаи масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсе ба миён наомада буд.
Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.
Гордон аз абераи Миршакар ҷудо шуд: 2 фарзанд ва 6 сол зиндагии муштарак доштанд
Ӯ ва Ноза Абдулвосиева соли 2014 оила барпо кардаву, моҳи октябри ҳамон сол соҳиби писар шуданд. Бино бар хабари расонаҳо, онҳо замони наворбаргирии филми “Умник” шинос шудаанд.
Гордон аз рӯзноманигорони шинохта ва ровии барномаҳои маъруфи шабакаи телефизионии ОРТ буда, муаллифи барномаҳои "Они и мы", "Ночной Гордон", "Закритый сеанс", “Гордон-Кихот", "Гражданин Гордон" мебошад.

Нозанин Абдулвасиева кист?

Нозанин Абдулвосиева дар хонаводаи маъруфи тоҷик таваллуд шудааст. Гузаштагони ӯ шоири халқии ҶШС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва бобояш коргардони кино Валерий Аҳадов мебошанд.
Нозанин, ба монанди падару модараш, касби эҷодӣ интихоб карда, хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.