ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев дар доираи тафтишоти қазияи "Кумтор" бо мақомоти тафтишотӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ.
Мақомоти назоратӣ хотиррасон мекунад, ки қаблан ба Акаев ба иттиҳоми фасод, ҳангоми бастани созишномаи генералӣ оид ба лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйир додани он дар соли 1994, инчунин ҳангоми таҷдиди созишномаи генералӣ бо ширкати "Камеко" соли 2003, огоҳӣ дода шуд.
"Рӯзи 2 август Акаев барои анҷом додани амалҳои тафтишотӣ ва аниқ кардани дигар масъалаҳо, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доранд, ба Бишкек парвоз кард. Ҳоло ӯ бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ мекунад", - омадааст дар хабарномаи Додситонии кулл.
Собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев 16 сол пас аз инқилоби марти 2005, ба Бишкек бозгашт.
Дар рӯзи аввали сафараш, ӯро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ карда буд ва як рӯз пеш ӯ аз зодгоҳаш - ноҳияи Кемин боздид кард.