ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik.Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, 69 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
Ҳамзамон 74 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 3 август дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14705 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуввуми сирояти коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac ройгон пешниҳод мешавад.