Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Муҳимоти ҷангӣ медиҳему сарбоз намефиристем: омодагии Қазоқистон барои кумак ба Тоҷикистон

Совместные учения с КСОР ОДКБ Взаимодействие-2019
Қазоқистон имкони фиристодани сарбозон ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба хабаргузории Интерфакс-Қазоқистон гуфт, ки кишвар омодааст ба Тоҷикистон дар иртибот ба авҷ гирифтани авзоъ чӣ гуна кӯмак расонад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ки вазирони дифоъ ба манзури таъмини амният дар манотиқи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба расонидани кумаки низомӣ-фаннӣ мувофиқат карданд.
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Песков: Русия муттаҳидонашро дар баробари таҳдидҳо аз Афғонистон танҳо намегузорад
Ҳамчун кумак аз Қазоқистон ба Тоҷикистон як бастаи калони тирҳои калибрҳои гуногун ворид мешавад.
Вазорати дифои Қазоқистон тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир тартибот барои эътибор пайдо кардани созишномаҳо сурат мегиранд.
Ҳамчунин, Қазоқистон нақша надорад ва ҳатто масъалаи фиристодани контингенти низомӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунад.
Барои ин ба мақомоти Тоҷикистон лозим аст, ки муроҷиати расмӣ ирсол кунанд, ки онро парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ хоҳад кард.