ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Додситонии шаҳри Маскав аз болои ҳукми як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар қатли варзишкори рус муттаҳам дониста мешаванд, шикоят бурд.
Людмила Нефедова, раиси хадамоти матбуотии ниҳоди назоратӣ ба РИА Новости хабар дод, ки додситонӣ аз ҳукми додгоҳ нисбати шаш шаҳрванди хориҷӣ барои содир кардани ҷиноят дар боғи" Южное Бутово "шикоят бурд.
Ба таъкиди ӯ, додситонӣ ҷазои таъиншударо хеле сабук меҳисобад ва инчунин нақзи талаботи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятиро даъво мекунад.
Мурофиаи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли ҷорӣ баргузор шуд ва муттаҳамон аз 4 то 7,5 соли маҳрумият аз озодӣ гирифтанд.
Сергей Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.
Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.