Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати молия гуфт, ба суратҳисоби "Ворух" маблағ ворид нашуд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ба суратҳисоби "Ворух" ягон маблағ ворид нашуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии вазорат ба суоли рӯзноманигорон оид ба малғаи суратҳисоби барои зарардидаҳои муноқишаи марзӣ бозшуда посухи дақиқ надод, вале муовини аввали ӯ Ҷамшед Каримзода, гуфт маблағ ворид нашудааст.
Вазири молия гуфт, баъди кушодани суратҳисоби махсус онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд, ки дар ин самт барои дастрасии маблағҳои зарурӣ ҳоло кор идома дорад.
Моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомот барои кумак ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ суратҳисоби махсус боз кард
Вазорати корҳои дохила он замон гуфт, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст.
Дар пайи ин дар назди Вазорати молия суратҳисоби махсус боз шуд ва аз сокинон даъват карданд, ки кумакҳояшонро ба ин суратҳисоб гузаронанд

"Ҳоло аҳолии зарардида кумаки моддӣ гирифтанд. Масъалаи на танҳо барқарорсозии иншооти дар муноқишаи марзӣ зарардида, балки аз сел низ харобшуда дар ҳама ҷаласаҳои раҳбари давлат аввалиндараҷа аст", - гуфт, вазир.

Номбурда гуфт, то фаро расидани фасли сармо тамоми зарари расида аз муноцишаи марзӣ ва офатҳои табиӣ барқарор ва мардум бояд соҳиби хона гардад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Раҳмон гуфт, ҳама медонанд кӣ ҳуҷум кард: парванда алайҳи низомиёни қирғиз
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.