ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 13,2 млрд сомонӣ баробар гардид.
Вай афзуд, ки иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳои мазкур ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардид.
Инчунин вазири молия таъкид дошт, ки воридоти он нисбат ба нақша 809,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз 12,9 млрд сомонӣ равона гардид.
Вай қайд кард, ки дар ин давра маблағҳои беҷет ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 688,1млн сомонӣ, соҳаи маориф 2,4 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,1 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 1,9 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 492 млн сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ 713,7 млн сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ- 2,4 млрд сомонӣ, кишоварзӣ- 294,6 млн сомонӣ, саноату сохтмон- 84,3 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 820 млн сомонӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон вазири молия илова кардааст, ки ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ин соҳаҳо 6,5 млрд сомонӣ равона гардид.
Гуфта шудааст, ки хароҷоти соҳаи мазкур 51 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.
“Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла ба пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд сомонӣ, идрорпулӣ 43 млн сомонӣ, нафақа 1,5 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 186 млн сомонӣ равона гардидаанд”, - зикр кард вазири молияи Тоҷикистон.