Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни биржаи Эрону Тоҷикистон

Мудирони Биржаи Эрон ва Биржаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон) санади муштараки ҳамкориро ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Биржаи фондии Теҳрон хабар дод, ки бозорҳои сармояи Эрон ва Тоҷикистон, ки муштаракоти зиёди забонӣ ва фарҳангӣ дар миёни кишварҳои минтақа доранд, бо як санади нави ҳамкорӣ фурсати ҳамкорӣ ва тавсеаи муштараки бештаре ба даст оварданд, иттилоъ додааст хабаргзории ИРНА.
таъкид шудааст, ки ин созишнома дар ҳамоиши маҷозии фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон имзо шуд.
Бар асоси ин созишнома, мақомоту коркунони созмони биржаи ду кишвар бар асоси муқаррароти бозорҳои сармояи худ барои афзоиши табодулоти иқтисодӣ бо якдигар, интиқоли таҷруба мекунанд
Эрон омодааст ба тоҷиронаш барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон кумак намояд
Манбаъ кардааст, ки дар ин рӯйдод сафирони ду кишвари Эрону Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Ҳамоиши маҷозии фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон бо ҳадафи ошноии фаъолони иқтисодии ду кишвар аз тавонмандиҳои иқтисодии ду кишвар баргузор шуд.