Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Сатторов бо фармони Президент барканор шуд: курсияшро кӣ гирифт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторовро аз вазифа барканор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, иллати аз вазифа сабукдӯш шудани Сатторовро гузаштан ба кори дигар арзёбӣ кард.

"Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия озод карда шуд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, собиқ сафир аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ барканор гардид.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигар ҷойгузини Сатторовро, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ таъйин кард.
Умедвории Сатторов аз тамдид шудани мӯҳлати "афви муҳоҷират" дар Русия
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини Сарвазири Тоҷикистон аст ва ҳоло фармони барканории ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Русия, қаблан раиси вилояти Хатлон буд ва дар курсии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ ифои вазифа кард.
Феълан маълум нест, ки ҷаноби Сатторов барои кадом вазифаи нав курсии сафириро канор монд.