ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Коррупсия, хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ, маоши паст ва низоми таълими заиф аз ҷумлаи омилҳои асосие гуфта шуданд, ки боиси кам будани теъдоди мутахассисон дар ҷумҳурӣ мегардад.
Фирӯз Баротов, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи изҳороти раисиҷумҳур дар мавриди камбуди мутахассисони сатҳи баланд дар кишвар изҳор доштааст, сабаби асосӣ фасод мебошад.
“Фасод на танҳо соҳаи тиб, балки фарҳанг, маориф, сиёсат ва ғайраро ҳам фурӯ мебарад”, - таъкид намудаст Баротов.
Корбаре бо номи Давлатмо Давронова изҳор доштааст, то он даме ки коррупсия аз байн наравад дипломдор зиед мешаваду донишманд кам.
Сурайё Иброҳимова, корбари дигар дар шарҳи изҳороти раисиҷумҳур гуфтааст, яке аз табибони бемориҳои сироятии кӯдакон худаш буд, ки барои дарёфти қӯти лоямут тарки соҳа кард.
“Натавонист ин касбам маро хӯронад. Натавонистам ман аз беморон тамаъҷӯӣ кунам. Лекин донишгоҳи тиббиро бо дипломи аъло соли 1987 хатм карда будам”, - изҳор доштааст Иброҳимова ва таъкид намудаст, ки барои таъмини рӯзгор маҷбур аст дар бахши дигар фаъолият намояд.
Акобир Ғафоров, навиштааст, ки “то тағобозӣ, хешутаборбозӣ, корупсия гум нашавад, маоши моҳона баланд нагардад, махалгароӣ гум нашавад, вазъ бадтар мешаваду беҳтар не. Мутахассис дорем, лекин дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷӯи ҳаёти арзанда фаъолият доранд”.
Ин ва садҳо шарҳи ба ҳамин монанди корбарон дар пайи он садо дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари ахири худ ба вилояти Суғд аз зиёд будани дипломдорҳою кам будани мутахассисони сатҳи баланд, аз ҷумла дар мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ гуфт
Раисиҷумҳур гуфт, давлат ниёз ба кадрҳои ҳозиразамон дорад, ки Тоҷикистон дар ин бахш хеле ақиб мондааст.
Ӯ кишварҳои дигарро мисол овард, ки бо суръати кайҳонӣ тараққӣ доранду техникаю технологияи ҷадидро соҳибанд.
“Диплом дода истодаем, садҳо ҳазор, лекин мутахассисони дорои касбияти баланд ангуштшумор”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ҳатто дар мубориза бо касалии COVID-19 камбуди мутахассисон ҷой дорад.
“Вирусологҳо надорем. Онҳое, ки оид ба касалиҳои шушу сироятиянд, нест, бениҳоят кам, ангуштшумор. Акнун ба хориҷа равон карда истодаем, ки таҳсил кунанд”, - афзуд раисиҷумҳур.