Ҳудуди 200 низомии Ӯзбекистон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон омаданд

Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон аз тамрингоҳи Тирмиз ба марзи марзи Тоҷикистону Афғонистон омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 август - Sputnik. Тақрибан 200 низомии Узбакистон барои тамриноти сеҷониба, ки дар наздикии марзи Афғонистон баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омадан, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия.
Ин машқҳо аз 5 то 10 август дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон баргузор шуда, дар он низомиёни Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Қайд карда мешавад, ки низомиён аз тамрингоҳи Тирмиз омадаанд, ки тақрибан 200 километрро фаро мегирад. Пас аз расидан ба минтақаи машқ, хизматчиёни ҳарбӣ постҳои фармондеҳиро мустақар карданд ва ба муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳои тирандозӣ идома доданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Бо омодагии комили ҷангӣ: низомиёни Русия барои тамринҳо ба марзи Афғонистон расиданд
Тибқи иттилои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, дар марҳилаи асосии машқҳо иштирокчиён бояд амалҳои тактикиро барои несту нобуд сохтани як гуруҳи шартии мусаллаҳ, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро убур кардааст, коркард кунанд.
Дар умум беш аз 20 техникаи низомии Ӯзбекистон дар ин размоиш ширкат хоҳад кард.
Машқҳои сеҷониба дар пасманзари шиддат гирифтани вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон сурат мегиранд.
Дар робита ба хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ҷумҳурӣ, ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) бо нерӯи нав шиддат гирифтанд. Хусусан задухӯрди шадиди байни ифротгароён ва нерӯҳои ҳукуматӣ аз моҳи июн идома дорад.