ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Додгоҳи Пресненскии Маскав блогери тоҷик Кароматулло Ҷаборовро барои "пранк"- и "ҳамлаи коронавирус" дар метрои пойтахт ба ду солу чор моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора вакили дифои ӯ Роман Шахманов дар сӯҳбат бо ТАСС хабар дод.
"Ба зерҳимояи ман Ҷаборов ду солу чор моҳи зиндон дода шуд. Қисми боқимондаи шарикон ҳукми шартӣ гирифтанд", - гуфт Шахманов.
Ба гуфтаи ӯ, "пранкер" ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Бо дарназардошти вақти дар боздоштгоҳи муваққатӣ будан, ӯ метавонад пас аз се ҳафта озод шавад.
"Ин кор рӯй медиҳад, агар додситонӣ ва маъмурияти метро аз болои ҳукм шикоят накунанд. Дар мавриди мо бошад, ин корро намекунем", - афзуд адвокат.
Қаблан додситон дархост кард, ки Ҷаборов ба 4 соли зиндон ва шариконаш, ду шаҳрванди Русия, ба се солӣ зиндони низоми умумӣ маҳкум карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2020 Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавоне хабар дод, ки барои сабти "пранк" дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд карда ба фарши роҳрав мепартояд, ки боиси ҳароси бошандагон мегардад.
Тавре дар видеое, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд.
Иштироркдори дувуми "пранк", ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.
Баъдтар, шӯхӣ дар шабакаи Ҷаборов дар Ютюб гузошта шуд.
Кормандони пулиси Маскав бар асоси моддаи "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Вакили дифои Ҷабборов он замон шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод карда буд.