ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид, дар як гузориши ахири худ навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир, дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар ба шаклҳои гуногун ғулом ҳастанд.
Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки аз ин миён занону кӯдакон беш аз 70 дарсад аз қурбониёни ғуломиро ташкил медиҳанд.
Бар асоси ин гузориш, зиёдтарин қурбониёни ғуломӣ дар Африқо ва Осиё ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои СММ, дар як сол 600 то 800 ҳазор нафар қурбонии қочоқи инсон мешаванд.
СММ ҳамзамон таъккид доштааст, ки паҳншавии вируси корона осебпазириҳои қурбониён дар баробари масаълаи қочоқи инсонро ташдид кард, батавре, ки раҳгирии қочоқчиёни инсон сахттар шуду қурбониёни қочоқи инсон бо чолишҳое барои дарёфти кумак ва дастрасӣ ба адолат дасту панҷа нарм кардаанд.