ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шарқи Афғонистон, дар вилояти Нуристон, боронгариҳои зиёд боиси обхезии шадид шуд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 113 нафар кушта ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад Tolo News бо истинод ба вазири идоракунии офатҳои табиӣ Ғулом Баҳоуддин.
Дар деҳаи Меҳердиши музофоти Камдеш обхезии шадид ба амал омад. Манбаъҳои расмӣ қаблан аз марги 40 нафар хабар дода буданд.
Аммо, ба гуфти бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ, 150 шаҳрванд қурбонии сел шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар минтақаи офат 150 хона хароб шудааст.
Пештар шабакаи телевизионии Ariana News бо такя ба маълумоти расмӣ аз 58 кушта ва 140 бедаракшуда хабар дода буд.