ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини мардуми вилояти Бадахшон дар парлумони Афғонистон ва узви Шӯрои олии масолиҳаи миллии ин кишвар ахиран таъкид доштааст, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ ба ҳамроҳи хонавода дар навоҳии марзии Бадахшон бо Тоҷикистон ҳузур доранд, иттилоъ додааст “Шафақно”.
Хонум Кӯфӣ ҳушдор додааст, ки агар ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшон идома ёбад, таҳдидҳо ва ноамниҳо дар кишвар зиёд хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия қаблан эълом карда буд, ки дар сурате, агар ҷангҷӯёни Толибон* ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатаре эҷод кунад бо посухи қотеъи Русия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Вазири дифои Русия гуфт, бархе аз аъзои гурӯҳи ДИИШ аз Сурия ва Либиё ба Афғонистон мунтақил шуданд.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) идома дорад, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар оғоз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз 398 ноҳия беш аз 200 тоша зери назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) қарор гирифтааст. Бархӯрдҳои шадид бошад, дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.