Интиқоми хунин: падари ҷавони кушташудаи доғистонӣ, қотили писараш - муҳоҷири тоҷикро кушт

Кумитаи тафтишотии минтақаи Брянски Русия эълон кардааст, ки қотили шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, дар минтақаи Брянск мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дуздон ва қотилони шаҳорванди Тоҷикистонро боздошт намуданд.
Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ дар бораи дуздӣ ва ба қатл расонидани шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад.
Гумонбари ин ҷиноят ва се иҷрокунандаи он, ки сокинони вилояти Маскав ва Ҷумҳурии Доғистон мебошанд, боздошт шудаанд.
Тафтишот муайян кардааст, ки як сол қабл дар яке аз клубҳои шабонаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон ҷавони 21-солаи доғистониро кушта будааст.
Чӣ гуна боғбони бегуноҳ, зери барқ худро "қотил" хонд? Эълони ҷазои се милиса
“Ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дер боз ҷустуҷӯ мекарданд. як моҳ пеш – моҳи июни соли 2021 падари ҷавони кушташудаи доғистонӣ бо як гурӯҳ шахсон маслиҳат карда, барои ба қатл расонидани шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пул додааст. Онҳо муайян карданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар хонаи иҷорагирифтааш дар кӯчаи Ленини шаҳри Брянск зиндагӣ мекунад. Қотилон ба онҷо омада, ӯро боздошт карда бар сараш халтаи полителенӣ пӯшонда ба сӯи ҷангал бурданд. Баъд аз ба қатл расондан ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро ба чуқурие, ки пешакӣ канда буданд, партофтанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати ҳар чаҳор боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз ҷустуҷӯ дар ҷангал пайдо шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Брянск хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин парвандаи ҷиноӣ идома дорад.