Эрон омодааст ба тоҷиронаш барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон кумак намояд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран таъкид доштааст, ки сафорати Эрон омодааст, ба соҳбкорону тоҷирони эронӣ барои фаъолияти тиҷорӣ дар Тоҷикистон кумак намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ зимни семинари онлайнии баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон таъкид доштааст, ки сафорат дар Душанбе омодааст барои ворид шудани тоҷирони эронӣ ба бозори Тоҷикистон кумак намояд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Дар ин замина Бонки марказии Эрон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар талош барои барқарории механизме ҳастанд, ки ҳадафи он осонсозии мубодилоти бонкӣ ҳастанд”, - гуфт сафири Эрон дар Душанбе.
Ба гуфтаи оқои Собирӣ, барои роҳандозии ин кор метавон, аз зарфияти шуъбаи Бонки тиҷорати Эрон дар шаҳри Душанбе истифода кард ва илова бар он, пешниҳодҳои дигаре аз ҷумла ба коргирии низоми таҳотурӣ ва низ истифода аз низоми пулии муштараки ду кишвар, рӯи мизи музокироти масъулони дутараф вуҷуд дорад.
Муҳриддин: Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар СҲШ ҳимоят мекунад
сафири Эрон дар Тоҷикистон қайд кард, ки Эрон фаъолиятҳоеро дар тӯли 30 соли гузашта дар ҷиҳати тавсеа ва таҳаққуқи аҳдофи сегонаи стратегии Тоҷикистон дар заминаи энержӣ, дастёбӣ ба амнияти ғизоӣ ва поён додан ба бунбасти иртиботӣ мушорикати хубе доштааст.
манбаъ таъкид доштааст, ки дар семинари онлайнии баррасии равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон, фурсатҳои ҳамкорӣ барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва бозаргонии бахши хусусии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.