ДУШАНБЕ, 31 июль - Sputnik. Намояндаи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид ҳамла аз ҷониби нерӯҳои Ҳиндустонро хабар дод.
Вай изҳор дошт, ки нерӯҳои Ҳиндустон ба шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд.
Ба гуфтаи сухангӯи Толибон*, ҳамла ба беморхонаи ғайринизомӣ сурат гирифт.
Аммо тибқи маълумоти расмӣ, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба маҳалли ҷойгиршавии Толибон* мунтазам аз ҷониби нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат мегиранд.
Аммо, тибқи маълумоти таъйиднашуда, низомиёни Ҳиндустон дар ҳафтаҳои ахир ба ҷанги Афғонистон ҳамроҳ шуда, ба ҷабҳаҳои Толибон* зарбаҳои дақиқ задаанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳиндустон аз як пойгоҳи махфӣ дар Осиёи Марказӣ парвоз анҷом медиҳад.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон* идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.