"Таҳқир аст": Вазорати адлия пойафзоли тарроҳи итолиёӣ бо нишони Ӯзбекистонро маҳкум кард

Ин гуна тарҳи пойафзоли варзишӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ду гурӯҳ тақсим кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Истифодаи расми нишон ва парчами Ӯзбекистон дар коллексияи нави пойафзоли тарроҳи маъруфи итолиёвӣ Стефано Риччи беэҳтиромӣ ба рамзҳои давлатии кишвар аст.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон ба такя ба изҳороти Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Як рӯз пеш дар Интернет аксҳои маҷмӯаи нави пойафзол ва либоси варзишии тарроҳи итолиёвӣ Стефано Риччи пайдо шуд, ки дар он ӯ тасвирҳои нишон ва парчами Ӯзбекистонро истифода бурдааст.
Кроссовки с гербом Узбекистана
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, онҳое, ки муаллифро маҳкум мекунанд ва онҳое, ки коллексияро писандидаанд.

"Ин беэҳтиромӣ ба рамзҳои давлатии Ӯзбекистон - парчам ва нишон аст", - омадааст дар изҳороти Вазорати адлия.

Раёсат қайд кард, ки рамзҳои истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон муқаддасанд ва таҳқири онҳо дар ҳама гуна шакл тибқи қонун ҷазо дода мешавад.
Аз ҷумла, тибқи қонунгузории кишвар тасвири нишон ва парчами давлатӣ барои пешбурди молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) барои тиҷорат истифода бурда намешавад, хулоса кард Вазорати адлия.