ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи чанд иншооти муҳим корхонаи парандапарварии ҶДММ “Суғд-саноат-паранда”-ро ифтитоҳ кард.
Тибқи иттили дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, дар қаламрави шаҳри Бӯстон ин аввалин корхона стт ки ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ машғул мешавад.
“Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ, пеш аз ҳама, таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат маънидод карда мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар ин корхона барои парвариши паранда 4 сех бунёд гардида, иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1200 тонна гӯшти мурғ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун карда шавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор меравад ва дар ин шаҳр 37 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 бо дарназардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ ба маблағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин даври соли 2020 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки ширкати мазкур дар нақша дорад, дар ояндаи наздик самти фаъолияташро васеъ намояд.
Айни замон дар ҳудуди вилояти Суғд соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароити фароҳамовардаи Хукумати Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намудаанд.
Гуфта шудааст, ки ин раванд имкон дод, ки талаботи дохилӣ пурра бо гӯшти мурғ ва тухми паранда қонеъ карда шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба 1 июли соли 2021 истеҳсоли гӯшти паранда 7 ҳазору 760 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.