ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Сергей Наришкин, директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ (СВР), дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфт, ки вазъи Афғонистон боз ҳам бадтар мешавад, дар росто ояндаи ин кишвар норӯшан ба назар мерасад.
Ба андешаи ӯ, ояндаи Афғонистон норӯшан ба назар мерасад.
"Вазъ ҳар рӯз бадтар мешавад, ҷунбиши Толибон (созмони тундгаро, ки дарқаламрави Русия мамнӯъ шуда аст) беш аз пеш қаламрави ин кишварро назорат мекунад ва ояндаи Афғонистон хеле ва норӯшан ба назар мерасад", - гуфт ҷаноби Наришкин.
Вай инчунин қайд кард, ки вазъ дар Афғонистон бо роҳи бӯҳронӣ меравад.
Вай афзуд, ки мутахассисони рус дар якҷоягӣ бо ҳамкоронашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Чин, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон вазъро доимо пайгирӣ доранд ва мубодилаи иттилоотии фаврӣ доранд.
Қаблан фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов изҳор карда буд, ки беш аз нисфи қаламрави Афғонистон зери назорати ҷангҷӯёни Толибон Толибон (созмони тундгаро, ки дар қаламрави Русия мамнӯъ шуда аст) аст.