ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бодканд ба мошини сардори ҳукумати ҷамоати Оқсой Алимбек Собиров санг андохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба ваколатдори президент дар минтақа.
Ба гуфти котиби матбуотии намояндаи президент дар минтақа Азат Қурбонбеков, шишаҳои мошини Honda CR-V шикастаанд. Ҳодиса шаби 30 - июл, тақрибан соати 20:10 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки фиристодаи махсуси президент оид ба барқарорсозӣ ва рушди деҳоти сарҳадии минтақаи Бодканд Мамир Раҳимов, муовининаш вилояти Бодканд Маъруф Тулаев ва раиси ҳукумати ҷамоати Ақсой Алимбек Собиров барои ошноӣ бо рафти сохтмони хонаҳои харобшуда ба деҳаи Оқсон рафтаанд.
Манбаъ мегӯяд, он замон дар деҳаи ҳамсояи Хоҷа Аълои Тоҷикистон, 15-20 нафар ҷамъ омада буданд. Дар ҳамин ҳол ҷанҷол бархостааст ва мошини Сабировро сангборон кардаанду ӯ захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷабрдида дар беморхонаи минтақавӣ табобат мегирад. Раҳимов ва Тулаев осеб надидаанд.
Пас аз ин ҳодиса мақомоти интизомии ду кишвар мулоқот кардаанд. Манбаъ афзуда, ки сардори РВКД Исфара Набичон Исозода ваъда додааст, ки нисбати ҷинояткорон чораҳо андешида мешаванд ва онҳое, ки санг партофтаанд, зарари моддиро барқарор мекунанд.
Имрӯз вохӯрии ҳокимони вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон баргузор шудааст.
Роҳбарон масъалаҳои пешгирии муноқишаро баррасӣ кардаанду музокирот идома хоҳад ёфт.