ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 783 миллион сомонӣ баробар шуд.
Ба гуфти ӯ, ин нишондод дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 100 миллион сомонӣ кам шудааст.
Ба иттилои Кумита, бештар корхонаҳои бузург қарздоранд, ки қарзи онҳо 41-42 фоизи маблағи умумиро ташкил дода ба 425 миллион сомонӣ баробар аст.
Ҳамчунин тибқи ҳисоби Кумитаи андоз вилояти Хатлон то 1 июли соли ҷорӣ 178 миллион сомонӣ, Суғд 69 миллион, шаҳри Душанбе 43 миллион ва Ноҳияҳои тобеи марказ 65 миллион сомонӣ қарздоранд.
Манбаъ таъкид кард, ки ширкати "Барқи Тоҷик" бақияи қарзи андоз надорад.
Ёдрас мешавем, ки бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1 январи соли 2021 - 884 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта 303 миллион сомонӣ афзуд.
Тибқи иттилои манбаъ, давоми соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз 93, 7 фисад иҷро шуда, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷа 600 миллион кам маблағ ворид шуд.