Кордкашии ду ҳамсоя дар бозори "Фаровон": пулис тафтишот мебарад

Муноқиша дар бозори "Фаровон" -и ноҳияи Бохтар миёни ду сокинони маҳаллӣ иттифоқ афтод, ки дар натиҷа яке бо ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар бозори "Фаровон" - и шаҳри Бохтар кордкашӣ миёни ду ҳамсоя сар зад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур субҳи 29 июл, тахминан соати 09:30 дақиқа рух додааст.
Аз ин ҳодиса марди 57 - сола ба кормандони милиса шикоят бурдааст. Ба гуфтаи ӯ субҳи панҷшанбеи ҳафтаи равон ҳамсояааш марди 66 - сола дар бозори мазкур бо ӯ муноқиша намуда, як маротиба бо корд ба шакамаш задааст.
Кушту худро ба дор овехт: тафсилоти ҷанҷоли ду духтари маст дар Панҷ - навор
Дар натиҷа, муроҷиаткунанда ҷароҳати ҷвазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шуд.
Манбаъ ифшо накардааст, ки ҳамсоя сари кадом масъала вориди баҳс шуданд, ки оқибати он ба кордкашӣ анҷомидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.