Ғайрат доштааст: таҳсини Раҳмон ба духтари синфи 1, ки ба ӯ шикоят кард - видео

Президент ба дониши духтарак аҳсан хондаву ваъдаи кӯмак кардааст ва таъкид намудааст, ки бештар кӯшиш кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ аз сӯҳбаташ бо духтараки синфи 1 ёдрас шудаву ба ӯ барои ҷуръат намуда, ба роҳбари давлат муроҷиат карданаш, таҳсин хонд.
Президент гуфт, ки ин кӯдак дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" иштирок намуда, то давраи ноҳиявӣ роҳ ёфтааст, аммо ӯро ба даври вилоятӣ нагузаронидаанд.
"Ғайрати калон доштаст. На ҳар кӯдак метавонад ба роҳбари давлат муроҷиат кунад", - мегӯяд раисҷумҳур.
Тавре дар навор дида мешавад, духтарак Зебуниссо Турдиева ном дошта, соли гузашта дар номинатсияи Адабиёти бачагонаи озмуни "Фурӯғ" ширкат кардааст.
"Бобоҷони азиз, ман 2 600 мисра шеъри бачагона, 2 достон, 4 қисса, 90 афсона, 55 чистон, 20 латифа, 36 асари бадеӣ, 20 рубоӣ ба ғайра азёд кардам, аммо маро ба даври вилоятӣ роҳхат надоданд", - арз кардааст пеши президент ӯ.
Вақте Эмомалӣ Раҳмон мепурсад, ки "чаро роҳ надоданд?", "ҳайати ҳакамон ноҳақӣ карданд. Вақте ман ба тамоми саволҳояшон ҷавоб додам, ду савол аз дабиёти классикӣ доданд ва ман ҷавоб дода натавонистам ва ба даври вилоятӣ нагузарониданд", мегӯяд Зебуниссо.
Дар посух ба дархости духтарак, ки президент "ӯро дастгирӣ кунад, то ба орзуяш расаду ба ватанаш хизмат кунад", Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки "ҳатман супориш медиҳад, то ӯ ба давраи вилоятӣ равад, аммо бештар кӯшиш кунад".