Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши таваллуду коҳиши марг гуфт: дар ВМКБ баръакс

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон давмои шаш моҳи гузашта дар кишвар ба ғайр аз ВМКБ сатҳи таваллуд зиёду фавт кам шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи иттилои Агентии Омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 105,3 ҳазор кӯдакони навзоди дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайян кардашуда ва 17,2 ҳазор шахсони фавтида аз он ҷумла 1,1 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтанд.
Агентии омор таъкид доштааст, ки тайи ни соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 21,8 дарсад зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст, ба ғайр аз ВМКБ.
Афзоиши издивоҷу талоқ ва таваллуд дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 1,6% ( 41,7 ҳазор навзод), дар вилояти Суғд 1,6% ( 25,7 ҳазор навзод), Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 1,8% ( 25,8 ҳазор навзод) ва дар шаҳри Душанбе 16,5% (8,6 ҳазор навзод)- роташкил намудааст.
Дар ВМКБ бақайдгирии таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% кам шуда, ҳамагӣ 1,7 ҳазор кӯдаки навзодро ташкил намудааст.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки бақайдгирии шахсони фавтида дар моҳҳои январ – июни соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 8,7% кощиш ёфта, 17,2 ҳазор нафарро ташкил дод.
Агентии омор зикр кардааст, ки коҳишёбии бақайдгирии шахсони фавтида дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба ҷуз аз ВМКБ мушоҳида шудааст.
Дар вилояти Суғд бақайдгириии шахсони фавтида 1,4% (6 ҳазор нафар), дар вилояти Хатлон 11,4% (5800 нафар), Душанбе 19,9 (1400 нафар) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4% (1400 нафар)-ро ташкил медиҳад
Инчунин агентии омор таъкид доштааст, ки дар ВМКБ бақайдгирии шахсони фавтида 11,8% афзоиш ёфта, ки 522 нафарро ташкил медиҳад.