ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шумораи гирифторони вируси корона дар Ӯзбекистон давоми 24 соати гузашта 897 ҳолат бештар шуд. Ин нишондод дар давоми соли 2021 бештарин мебошад.
Сабти рекордии теъдоди гирифторон таи ду ҳафтаи охир идома дорад: як рӯз пеш +879 ҳолати нав, пеш аз он +843 буду пештар - +719 ва +738 ҳолати нав.
Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо қаблан рекордӣ ҳисобида мешуданд.
"Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 12 8403 расид", - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Дар давоми рӯзи гузашта, ҳамчунин ҳафт ҳолати марг аз COVID-19 сабт карда шуд. Аз оғози пандемия шумораи умумии қурбониён ба 866 нафар расид.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ 122 368 бемор аз коронавирус шифо ёфтааст.
Рӯзи панҷшанбе аз беморхонаҳо 650 нафар, рӯзи чоршанбе - 573, рӯзи сешанбе - 825 нафар мураххас шуданд. Ҳоло 4929 нафар беморони COVID-19 табобат мегиранд.