ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарёи Сурхобро зиёд намуд. Дар натиҷа як қисми роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқ вайрон шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, то як муддат ҳаракати нақлиёт дар ин масир баста шуд.
Ҳамзамон аснои баланд шудани сатҳи оби дарёи Кабутов ду пули нақлиётгузари деҳаи Ёрмазори ноҳияи мазкур тахриб гардиданд.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 28 июл, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш як қисми ками пирях канда шуд,ки дар натиҷа маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда, қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ баста буд. Феълан ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст ва сабҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ боистинод ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар якчанд минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар баланд шудани ҳарорат омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.