Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Сафири ИМА дар Тоҷикистон алайҳи коронавирус ваксина гирифт

Дипломати амрикоӣ аз аҳолии Тоҷикистон даъват кард, ки ваксина гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм алайҳи аз коронавирус ваксина гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ.
Дар ин гузориш омадааст, ки барои наҷоти ҳаёт 1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" ҳамчун хайрия ба Тоҷикистон тақдим шудааст.
Дипломат ба аҳолии Тоҷикистон бо дархости эмкунии зидди COVID-19 муроҷиат кард.
"Ман ҳар касеро, ки метавонад эмгузаронӣ кунад, даъват мекунам, ки ин амалро иҷро кунад. Эмкунӣ на танҳо саломатии шуморо ҳифз мекунад, балки метавонад ҳаёти одамони дигарро низ наҷот диҳад", - гуфтааст, сафир.
Инчунин дар Тоҷикистон метавон ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca ва доруи чинии CoronaVac - ро гирифт.
Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст
Роҳбари Вазорати тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи қабули ваксинаи русии Sputnik V бошад, дар Маскав қарор дорад. Дар хусуси воридоти ваксинаи Sputnik V қаблан дар ҳама сатҳҳо ҳамоҳанг шуд буд.