Раҳмон дар Шаҳристон: аз ифтитоҳи майдони Парчам то мактабу хати оби нушокӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба сокинон хати оби нушокӣ кушоду ҳамзамон як муассисаи таълимӣ ва майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳристон аз ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Ба иттилои манбаъ, хати оби нӯшокӣ бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида дар сохтмони он 60 нафар кормандони корхонаи "Сохтмон" - и ноҳияи Мастчоҳ ҷалб карда шуданд.
Зимнан, дар ноҳияи мазкур бо иштироки раисиҷумҳур майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд.
Ин майдон аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
"Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои ин муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 19 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин муассиса бо маблағи 14 миллион сомонӣ бунёд гардида, барои 1240 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳим дар Айнӣ: сафари Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад
Ёддовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 июл озими вилояти Суғд гардид ва сафари кории ӯ дар ин вилоят ҳамоно идома дорад.