ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ширкати "Барқи Тоҷик" дақиқ намедонад, ки нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон чанд фоиз гарон мешавад.
Сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати "Барқи Тоҷик" Рустам Маҷидзода дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, боло бурдани нархи қувваи барқ дар салоҳияти ширкат нест ва онро комиссияи вижаи ҳукуматӣ муайян мекунад.
Маҷидзода гуфт, дар ин росто аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба тарифи нерӯи барқ таҳти раҳбарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Ӯ афзуд, ки то ҳол кори ин гурӯҳ идома дорад ва хулосаҳо бароварда нашудааст.
"Айни замон аз ҷониби гурӯҳи корӣ дақиқ пешниҳод нашудааст, ки чанд фоиз нархи барқ зиёд мешавад", - гуфт Маҷидзода.
Дар бораи тарзи нархгузорӣ масъули ширкат гуфт, "Барқи Тоҷик" танҳо хароҷотҳоро дар маҷмӯъ пешниҳод мекунад.
Ба гуфти масъули ширкат, арзиши аслии 1 киловатт - соат нерӯи барқ бо назардошти бозгашти қисме аз маблағи қарздориҳоро ширкат 20 дирам муайян кардааст, вале ин дақиқ нест.
"Ин рақам мумкин тағйир ёбад", - гуфт Маҷидзода.
Ёдрас мешавем, ки дар бораи гароншавии қиммати нерӯи барқ чанде пеш вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Ҷумъа Далер ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфти вай, ин масъаларо комиссияи кории назди Хадамоти зиддиинҳисории кишвар меомӯзад ва нарх бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, бори охир тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 боло бурда шуд.
Масъалаи боло бурдани арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон қаблан дар порлумони кишвар низ садо дода буд.
Вакили парлумон, Музаффарҷон Маҳмудзода, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳаи созишнома барои кам кардани талафоти нерӯи барқ дар Хатлонро тасвиб намуд гуфт, тарофаҳо боло бардошта шаванд.
“Дар назар аст, ки пас аз татбиқи лоиҳа ҷамъоварии маблағ пурра ба миқдори 100 фоиз таъмин гардида, тарифи миёнаи неруи барқ низ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад”, - гуфт вакил Маҳмудзода.
Таъкид ба болоравии нархи барқ ба андозаи то 10 дирам дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тҷоикистон тавсия дода буд, ки нархи нерӯи барқро ҳадди ақал ҳудуди 8 дарсад дар як сол боло барад, то вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.
Феълан нархи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам мебошад, ки аз тирамоҳи соли 2019 амал мекунад. Дар соли 2020 бинобар вазъи пандемия болобарии тарофаҳо мутаваққиф гузошта шуда буд. Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 9 дирами моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 расид.