Низомиёни пойгоҳи 201 ба тамрингоҳи Ҳарбмайдон, ки дар масофаи 20 километр аз марзи Афғонистон ҷойгир аст, омаданд.
Нерӯҳои Русияро тамрини муштарики низомии густурда бо ширкати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар пеш аст.
Барои ширкат дар тамрин нерӯҳо аз Душанбе ба минтақаи тамринӣ 200 километр роҳро пушти сар кардаву омаданд.
Дар маҷмӯъ, дар тамринҳо тақрибан 1,5 ҳазор сарбоз аз Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.
Дар ин макон аллакай постҳои фармондеҳӣ мустақар карда шудаанд, таҷҳизот омода ва мавқеъҳои оташфишон муҷаҳҳаз карда шудаанд.