ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Нахуст чанд лоиҳаи қонуни Тоҷикистон дар бораи энергияи атомӣ ва маориф баррасӣ гардида, ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.
Аз амалишавии фармони презиҳдент дар бораи зиёд намудани нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳида ва стипендияи президентӣ роҳбарони вазорату идораҳо ҳисобот доданд.
Қоҳир Расулзода ба масъулин доир ба вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли омодагии ҳамҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон дастур додааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа мавзӯи коронавирус баррасӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, сарвазир оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳии аҳолӣ доир ба оқибатҳои ногувори ин бемории сироятӣ ва зарурияти ваксинагирӣ бар зидди он дастурҳо дод.