Расман: Данғара вилоят мешавад, аммо номаълум кай

Як мақоми маҳаллӣ омодагиҳо барои ба як вилоят табдил ёфтани Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистонро таъйид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода, рӯзи 28 июл, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон изҳор дошт, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангие бунёд мешаванд, ки вижаи як маркази вилоятанд.
Ӯ аз Шифохонаи вилоятии сироятии Данғара, раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара, биноҳои кумитаҳои вилоятии ҳифзи муҳити зист, замин, маркази беҳдоштиву эпидемиологӣ ва ғайра ёдовар шуд.
“Ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи он чизе гуфта наметавонем”, - гуфт Ҷамшед Шарифзода.
Сарусадоҳо дар бораи табдил ёфтани шаҳраки Данғара ба пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияи Данғара ба вилояти алоҳида солҳо ба ин сӯ идома доранд.
Он ҳам ба ин хотир? ки дар шаҳрак биноҳои донишгоҳҳо, шифохонаҳо ва корхонаҳои бузурги сатҳи вилояту ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Ин гумонҳо бо он тақвият мешаванд, ки Данғара зодгоҳи президенти Тоҷикистон аст.
Насби пояи 70-метрии парчам дар Данғара: Президент гуфт, ватандӯстиро боло мебарад – акс
Бино ба ҳадсу гумонҳо, дар сурати ба вилоят табдил ёфтани Данғара қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, шаҳрҳои Нораку Ёвони собиқ вилояти Қурғонтеппа ва ҳам Роғун, ҳоло шаҳре дар Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ба он мулҳақ хоҳанд шуд.
Зоҳиран, пас аз ин Данғара ба як вилояти аз лиҳози иқтисодӣ қавии Тоҷикистон табдил хоҳад шуд, зеро корхонаҳои бузург дар Ёвон, нерӯгоҳҳои “Норак” – у “Роғун” ва як қатор корхонаҳои нав, аз қабили Корхонаи полоиши нафт дар худи Данғара дар қаламрави ин вилоят хоҳанд буд ва зарфиятҳои бузурги иқтисодии ҷумҳурӣ дар қаламрави он мунсаҷим хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин тарҳ дар долонҳои ҳукумат вуҷуд дорад, аммо он қадам ба қадам пеш меравад ва хеле замонгир хоҳад буд.
Худи ноҳияи Данғара соли 1932 дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳоло ҳудуди 150 ҳазор нуфус дорад.