ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, далели аслии бетағйир мондани номи ин ҳарф дар алифбои сириллики тоҷикиро қабл аз ҳама ба раванди таълим дар макотиби миёна рабт дод.
“Дуруст аст, ки дар он ҷо ҳарфи “ка” рафтагӣ аст. Ин хусусияти таълимӣ дорад, ширингуфториву ширинзабонӣ аст. Камтар мушкилӣ меорад дар вақти таълим дар мактабҳои миёна. Барои ҳамин ҳарфи “ка” шуд. Шумо ин чиро хуб медонед. Дар ин ҷо набояд мушкилот пайдо шавад”, - гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот маҳз пеш омадани кадом мушкилӣ дар вақти таълимро шарҳ надод, аммо баҳси “ка” бадоҳатан пас аз он шуруъ шуд, ки ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кард.
Бино ба он, номи қисме аз ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуданд. Бино ба Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ҳарфи “л” аз “эл” ба “ле”, “м” аз “эм” ба “ме”, “н” аз “эн” ба “не”, “р” аз “эр” ба “ре”, “с” аз “эс” ба “се” ва “ф” аз “эф” ба “фе” иваз шуданд. Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи “у” – и дароз танҳо “ӯ” ва “и” – и дароз танҳо “ӣ” омада, ҳарфи “х” низ аз “ха” ба “хе” ва “ш” аз “ша” ба “ше” тағйири ном кард.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадоҳо ба асли худ баргаштанд.
Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид гардидаанд, ки Олимҷон Муҳаммадзода гуфт, тафсилоти он пас аз 30 июли соли равон ироаи мардум хоҳад шуд.