ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Муҳаммадумар Асозода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо назардошти вазъи Афғонистон дар лоиҳаи сохтмони “CASA-1000” ягон қафомонӣ намешавад.
Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод изҳор дошта гуфт, ҳоло корҳо дар ин самт ба пуррагӣ идома доранд.
"Дар доираи лоиҳаи созишномаи генералӣ оид ба таъмини бехатарии хатти интиқоли барқ, ки аз Афғонистон мегузарад ва ҳамзамон бехатарии нигоҳдории таҷҳизотҳо, чорабинии махсус муаян карда шуд, ки он аз ҷониби чаҳор давлати иштирокчӣ қабул шуд", - мегӯяд Асадзода Маҳмадумар .
Ба гуфти Асозода "Барқи тоҷик" дар моҳи июн ҳолатҳои корношоям кардани сутунпояҳо бештар ба назар мерасид, моҳи ҷорӣ бошад, камтар шудааст.
Ӯ гуфт, бо назардошти вазъи амниятӣ дар Афғонистон интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар бидуни маҳдудсозӣ идома дорад.
Арзиши барқ ба Афғонистон бо арзиши 4,56 сент тибқи созишномаҳо ба ширкати “Брешно”-и он кишвар фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон кишварҳое, мебошанд, ки дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок доранд.