ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти ниҳодаш пешниҳоди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақа дар робита ба боло бурдани синни бознишастагӣ дар Тоҷикистон ва посухи вазоратро тавзеҳ дод.
Агентии суғурта ба Вазорати меҳнат вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, яъне мутаносибан баланд бурдани синни нафақа барои мардҳо то сини 65 ва занҳо то 62-сола ва минбаъд то соли 2029 яксолӣ баланд бардоштани он, ворид гардида буд, гуфт вазир.
"Ин пешниҳод аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар тобеияти вазорат аст, рад карда шуд", - афзуд ӯ.
Амонзода таъкид кард, ки қабл аз гирифтани тасмимҳо бояд руҷӯъҳои бештари илман асоснокшуда таҳия шаванд ва ҳар санаде, ки қабул мегардад, бояд бо асоси илмӣ мавриди амал қарор бигирад.
"Баланд бурдани синни нафақа барои Тоҷикистон ҳанӯз барвақт аст. Ин аз ҳар ҷиҳат ба масоили демографӣ пайваст аст. Боло бурдани синни нафақа - мушкилии кишварҳоест, ки аз лиҳози демографӣ танқисӣ мекашанд, зоиш нест, маргумир зиёд аст ва дарозумрӣ ҳам дар он кишварҳо тӯлонитар аст", - гуфт вай.
Ба қавли вазир, дар Тоҷикистон дарозумрии мардон 75 ва занон 76 солро ташкил медиҳад.
"Дар ин ҳолат барои дар фаъолият нигоҳ доштани ҷисми инсон вақт ва фурсати кам боқӣ мемонад. Гормонҳои ҷисмии одам ҳам намегузорад, ки бо таъмини самаранокӣ кор кунад", - гуфт аз натиҷаҳои тадқиқати пажӯҳишгоҳ Амонзода.
Ҳамин тавр, ин пешниҳод дар кишвар то замоне мавқуф гузошта мешавад, ки илман асоснок гардад.