ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Тоҷикистон тавлиди тиллоро дар нимаи аввали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад афзоиш додааст,иттилоъ додааст вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
"Дар моҳҳои январ-июни соли равон дар кишвар 4206,3 кило тилло истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 кило зиёдтар аст", - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тиллои кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Зарафшон" 3207 кило тилло истеҳсол кардааст.
Дар давоми нимсолаи аввал ширкати мазкур барои навсозии истеҳсолот 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
"Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон 3381 килоро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як тонна камтар буда аст", - иттилоъ додааст вазорат.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хабар расида буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 захираҳои байналмилалии Бонки Миллии Тоҷикистон коҳиш ёфтанд. Қайд карда шуд, ки коҳиши захираҳои тилло ва асъор метавонад ба фурӯши тилло ба хориҷ аз кишвар рабт дошта бошад.