ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Шумораи муҳоҷирони тоҷик, ки дар нимсолаи авали соли 2021 вориди Русия шудаанд, дақиқ шуд.
Вазири меҳнат Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар ин давра 160 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон вуруди Русия шудаанд.
Дар шаш моҳи аввал 160 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия ворид шудаанд. Пештар 272 ҳазор тоҷикистонӣ дар кишвар қарор доштанд, ки бояд будубошашонро қонунӣ мекарданд", - таъкид кард вай
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Амонзода, феълан дақиқ нашудааст, ки дар пандемия ва дар доираи фармони президенти Русия дар робита бо пандемия оиди дароз кардани муддати будудбоши муҳоҷирон чанд муҳоҷири тоҷик тавонистанд будубошашонро ба расмият дароранд.
"Тӯли якуним соли охир шурӯъ аз моҳи марти соли 2020 фармони президенти Русия оид ба расмият даровардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба тасвиб расид ва он бо далели пандемия тамдид ёфт. Феълан, аз моҳи июн то 30 сентябр муҳоҷирон боз имкон ёфтанд, ки сабтиномашонро тамдид кунанд", - гуфт вай.
Амонзода, интизор дорад, ки мақомоти марбутаи Русия - ВКД ба наздикӣ омори мазкурро ба вазорат ироа мекунад.