Шералӣ Кабир сабаби кор накардани сад корхонаи Тоҷикистонро гуфт

Дар шаш моҳи соли равон тақрибан 100 корхона дар Тоҷикистон фаъолият накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар Тоҷикистон аз моҳи январ то июли соли равон 96 корхона фаъолият накардааст.
Вай гуфт, ки ин корхонаҳо фаъолияти худро ҳанӯз солҳои 90-ум қатъ карда буданд, вале то ҳол дар омор вуҷуд доранд.
Аксари корхонаҳои аз фаъолият бозмонданд бо истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ машғул буданд. Инчунин миёни онҳо нашриётҳо, корхонаҳо муҳандисӣ ва дигар корхонаҳо мавҷуд буд.
Шералӣ Кабир қайд кард, ки дар тӯли шаш моҳи охир беш аз 450 корхона қисман фаъолият кардааст, чунки фаъолияти онҳо дар мавсим муайян амалӣ карда мешавад.
Беҳбудии соҳаи саноат: Тоҷикистон аз рушди ин бахш ҳисобот дод
Тибқи иттилои сардори шӯъба, аз моҳи январ то июли соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 1750 корхона фаъолият кардааст. Инчунин, дар кишвар 78 иншооти истеҳсолӣ ва 79 коргоҳи нав бунёд шудааст.
Аксари корхонаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ фаъолият доранд ва масолеҳи сохтмонӣ ва мошинсозӣ истеҳсол мекунанд.
Вазири саноат илова кард, ки дар давоми шаш моҳ, Тоҷикистон ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ (1,4 миллиард доллар) маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 фоиз зиёд мебошад.