Сардори дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи ҳарбии Хатлон капитан Ҷумабой Шодиев ва ҳаммаслаконашро дар қочоқи сигор аз Афғонистон гунаҳкор дониста, барои панҷсолӣ равонаи зиндон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, капитан Шодиев Ҷумабой, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми “Айвоҷ” будааст, бо сӯиистифода аз мансаб ба қочоқи мол даст задааст.
Ба иттилои манбаъ, капитани марзбонӣ аввали соли равон якҷоя бо Сахӣ ном шаҳрванди Афғонистон ва шаҳрванди Тоҷикистон Солиев Сайфиддин барои қочоқи ғайриқонунии сигор тариқи марзи давлатӣ маслиҳат мекунанд. Таъкид шудааст, ки ба амали қочоқ инчунин Мирзоев Шералироо ҷалб мекунанд, ки қаблан дар чарогоҳи ноҳияи Шаҳритус ба чаронидани чорво машгул буда, минтақаи мазкурро хуб медонистааст.
Додситонӣ мегӯяд, моҳи марти соли равон Сахӣ 15 адад қуттиҳои сигори навъи “ЕSSE”-ро ба минтақаи сарҳадӣ расонда, ба Солиев хабар медиҳад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё артиши Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бармегардад: посухи вазир
Капитан Шодиев ва Солиеву Мирзоев аз соҳили дарёи Аму 15 қуттиҳои дохилашон 7500 қуттиҳои майдаро ба мошин бор карда, хизматчии ҳарбӣ онҳоро аз минтақаи сарҳадӣ бароварда, гусел намудааст, хабар дод манбаъ.
Мақомот таъкид намуданд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ мошини ҳомили сигор боздошт гардида, зимни азназаргузаронии ҳуҷраи корни капитан Шодиев аз кисаи либоси низомияш 400 доллари ИМА ва 570 сомонӣ ҳамчунин далели шайъӣ гирифта шуд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон дар пайи баррасии қазия Шодиев, Солиев ва Мирзоевро ба муҳлати панҷ солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.