Омодагӣ ба инқилобу ошӯб дар зиндон: ҳукми мақомдори ҳарбӣ барои ҳамкорӣ бо ҲНИТ*

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Абдусаттор Мирзоевро дар ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гунаҳкор дониста, ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Назари бевоситаи Мирзоев дар бораи иттиҳом ва ҳукм маълум нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Мирзоев Абдусатор, ки дар вазифаи сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои муҳофизатӣ-муҳандисии қисми ҳарбии 6593 –и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ кор мекард, аз Ҳукумат норозигию аз ҲНИТ* ҷонибдорӣ намудааст.
Ба иттилои додситонӣ, Мирзоев аз аввалҳои соли 2020 то 6 январи соли 2021 шабона дари утоқи кориашро аз дохил маҳкам карда бо аъзои ҲНИТ* Садриддинов Муҳаммадиқбол ва Ашуров Ҳусейн, ки мавриди пайгард қарор доранд, суҳбатҳо анҷом дода, бо изҳори норозигӣ аз сиёсати Ҳукумат ба онҳо дар амалисозии нақшаҳояшон кумак ваъда додааст.
Дар иттилоия омадааст, ки Мирзоев вазифадор шудааст, зимни оғоз гардидани инқилоби ба нақша гирифта, ба онҳо мусоидат кунаду дар ҳолати дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ cap задани ошӯби маҳбусон, воситаҳои алоқа ва қувваи барқро дар ин муассисаҳо хомӯш кунад.
Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо
Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон нисбати Мирзоев барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки бо қарори суд мамнӯъ шудаанд, парванда оғоз карда, ба додгоҳ равон намудааст. Бо қарори додгоҳ, муттаҳам ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудааст.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида фаъолияташ қатъ карда шудааст. Раёсати ин ҳизби мамнӯъ даст доштанашонро дар амалиёти террористӣ рад карда, қарори додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.
*-созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон