ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Самарқанд, дар кӯчаи Шоҳизинда, панҷ хона ба коми оташ рафт, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии STV бо такя ба раёсати минтақавии ҳолатҳои фавқулодда.
"Рӯзи 26 июл соати 14.58 дар панҷ манзил сӯхтор рух дод. Хабари сӯхтори якум дар кӯчаи Шоҳизинда, хонаи 242, соати 15.04 ба шуъбаи ҳолатҳои фавқуллода расидааст. ", - гуфт намояндаи Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа.
Тибқи иттилои вазорат, дар натиҷаи шамоли сахт аланга зуд ба дигар хонаҳои ҳамсоя паҳн шудааст. Панҷ мошини оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Қайд карда мешавад, ки сӯхтор 200 метри мураббаъро фаро гирифтааст - шифтҳо, боми хонаҳо ва асбобҳои рӯзгор пурра сӯхтаанд.
Оташ соати 15.39 иҳота карда шуда ва аланга соати 17.00 ба вақти маҳаллӣ пурра хомӯш карда шудааст
Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар ҳоли ҳозир, сабаби рух додани оташсӯзӣ муқаррар мешаваду хисороти сӯхтор ҳисоб карда мешавад.