ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, мо ҳамеша таъкид карда будем ва ҳоло ҳам мекунем, ки мавқеи ҳукумати расмӣ ва мардуми кишвари бо мо дӯсту ҳамзабон - Афғонистонро дастгирӣ мекунем. Ӯ таъкид намуд, ки то ҳол дар сатҳи сиёсӣ бо гуруҳи Толибон ягон мулоқоту ҳамкорӣ надоштаанд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, дар ҳоли ҳозир муҳимтарин масъала барои Тоҷикистон мустаҳкам кардани сарҳад бо Афғонистон аст. Ӯ афзуд, ки дар ин амр Тоҷикистон бо ҳукумати Афғонистон ва сохторҳои қудратии он кишвар ва дигар шарикони стратегӣ, ҳамкориҳои хуб дорад.
"Барои ҳамин, кӯтоҳ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам: новобаста аз бархе изҳороти Толибон ва дигарон, ки аксарияти минтақаҳои Афғонистонро гирифтаанд, мо ба сиёсати дохилии он кишвар кор надорем, аммо нигаронии мо фақат аз вазъи хати марзи мо бо Афғонистон аст", - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Вай бо таассуф афзуд, дар давоми низоъи байниафғоние, ки беш аз 40 сол ба ин сӯ идома дорад, хати сарҳади беш аз 1400 – километраи Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ вақт дар дасти дигар гуруҳҳо набуд, балки ҳамеша таҳти назорати сохторҳои қудратии ҳукумати Афғонистон қарор дошт.
“Шумо медонед, ки ҳоло сарҳад қариб пурра таҳти назорати Толибон* аст. Мо нигаронӣ дорем. Хабар доред, ки ҳукумати Тоҷикистон чӣ корҳоеро дар ин росто карда истодааст, яъне мо фақат дар фикри амнияти марзу худ ва бо ҳукумати Афғонистон доим дар тамос ҳастем”, - илова намуд Сироҷиддини Муҳриддин.
Тоҷикистон аз ҷануб пурра бо Афғонистон ҳаммарз аст. Тайи ду моҳи ахир тамоми манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон пурра таҳти назорати ҳаракати Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) қарор гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон аз пеш омадани чунин вазъи бесобиқа як қатор тадобиреро рӯи даст гирифт. Аз ҷумла соати 4 – и субҳи 22 июл дар саросари кишвар бо дастури президенти Тоҷикистон санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор шуд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар