ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон далели нарафтани Эмомалӣ Раҳмон ба маъракаи савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисиро шарҳ дод.
Вазири тоҷик дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон бинобар сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон дар маъракаи савгандёдкунии ҳамтои эронии худ иштирок карда наметавонад.
Ба ҳамин минвол, Тоҷикистонро аз номи роҳбари давлат Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
"Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар мекунад", - афзуд Муҳриддин.
Зимнан, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҳамчун як сафари таърихӣ боқӣ мемонад.
Ба маълумоти Сироҷиддин Муҳриддин, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои се рӯз озими Туркманистон мешавад. Роҳбари давлат аз 4 то 6 августи соли ҷорӣ меҳмони фахрии Туркманистон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 август дар Туркманистон саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Ин вохӯрӣ бояд соли гузашта дар шаҳри Бишкек доир мешуд, вале ба иллати марзии коронавирус кори он ба таъхир гузошта шуд.