ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, марзбандии ҷониби Қирғизистон ба коҳишёбии омори арзиши молиявӣ таъсиргузор буда наметавонад, зеро дар гузашта ҳам ҳаҷми гардиши мол бо ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳо чандон назаррас набуд.
Бино ба иттилоъи Исматуллозода дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти мол аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба 16,1 миллион доллар баробар будааст, ки ҳамагӣ 2, 14 дарсад ҳаҷми воридоти умумӣ ба ҳисоб меравад.
“Дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 20, 6 миллион доллари амрикоӣ мол тавассути Қирғизистон ворид шуда буд, ки он вақт ҳамагӣ 3,23 дарсад ҳаҷми воридоти умумӣ рақам зада мешуд. Воридоти мол нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ 4, 5 миллион доллар коҳиш ёфтааст”, - гуфт сардори Раёсати гумруки Суғд.
Ҳаҷми содироти мол ба Қирғизистон 2,1 миллион доллар ҳисоб шудааст, ки ин рақам ҳамагӣ 0, 78 дарсад ҳиссаи умумии содиротро ташкил медиҳад. Дар ин давраи соли гузашта, ҳаҷми моли содиротӣ 4 миллион доллар ва ҳисаи умумии содироти мол он замон ба 2,34 дарсад баробар буд.
Масъулони Раёсати гумрук дар Суғд коҳишёбии рақамҳоро дар омори гардиши молиявӣ ночиз мешуморанд. Баъд аз рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар моҳи апрел, Қирғизистон шурӯъ аз моҳи май ба ин тараф марзро бо Тоҷикистон бастаааст.
Дар ҳоли ҳозир интиқоли бор ва равуои сокинон миёни ду кишвар пурра қатъ шудааст. Бино ба иттилоъи Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки Суғд ба 1 миллиарду 25 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли қабл 213,6 миллион доллар ё 26,3 дарсад зиёд будааст.
Аз ин рақам ҳиссаи содирот 275,9 миллион доллар ва ҳаҷми воридот ба 749,5 миллион доллар рақам зада мешавад.