ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба 170 миллион сомонӣ баробар аст, дар ҳоле, ки ба далели қатъи равобити ҳавоӣ бо чандин давлатҳои хориҷ, фурудгоҳ то чанд муддат аз фаъолият боз монда буд.
Дар бораи даромади фурудгоҳи Душанбе, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, соли равон ҳаҷми хароҷоти фурудгоҳ ба 147 миллион сомонӣ баробар буд.
Икромзода дар идома қайд намуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имсол ба 337 ҳазор мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 23 ҳазор мусофир бештар аст.
Муайян гардид, ки шумораи хатсайрҳои имсола нисбат ба соли гузашта то 346 адад зиёдтар ба роҳ монда шудаанд. Дар маҷмӯъ имсол 1841 хатсайр ба мусофирон хизмат расондааст.
Директори Авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамчунин аз парвозҳои ба таъхирафтода ёдовар шуда, шумораи онҳоро 59 адад арзёбӣ кард.
Ҳамин тариқ, аз фурудгоҳи Душанбе 337 ҳазор мусофир, аз Хуҷанд 110 ҳазор, Кӯлоб беш аз 56 ҳазор ва фурудгоҳи Бохтар ба 13 ҳазор мусофир хизматрасонӣ намудаанд.